радд — I [رد] кит. бузург, хирадманд, мӯбад, рӯҳонии зардуштӣ 2. кит. паҳлавон, далер II [رد] а. напазируфтан, гардондан, қабул накардан; радду бадал гуфтугузори зидди якдигар, гуфтан ва шунидани ҷавоб, мубоҳиса, мунозира; рад кардан (намудан) а)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бибикайвонӣ — [بيبي کيواني] зани одатан кӯҳансоле, ки дар маъракаҳои занон бо нону ошмонӣ машғул мешавад ва сардори маърака дар дастархондорӣ ҳисоб меёбад, ходим, кайвонӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
арафа — [عرفه] а 1. д. номи рӯзи нӯҳуми моҳи зулҳиҷҷа, ки ҳоҷиён он рӯзро дар кӯҳи Арафот (назди Макка) мегузаронанд 2. рӯзи пеш аз иди Қурбон; як рӯз ё чанд рӯзи пеш аз ҳар ид ё ягон маърака: арафаи интихобот, арафаи ҷашни истиқлол … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бибиотун — [بيبي آتون] кҳн 1. мактабдори мактаби духтарона 2. зани аз адабиёти динӣ бохабар, ки дар маъракаҳои занон дар ин бораҳо ваъзгӯӣ мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
видеофилм — [ويديافلم] филм, консерт ва маъракаҳои сабти навори махсус, ки ба воситаи видеомагнитофон дар телевизор намоиш дода мешавад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гарм — [گرم] 1. дорои дамои бештар аз дамои бадани инсон ё дамои муҳити атроф; боҳарорат, ҳароратдор; муқоб. сард, хунук (мас., оби гарм, ҳавои гарм); доғ, тафсон: оши гарм, бӯи хуши нони гарм; дами гарм а) нафаси ҳароратдор; б) маҷ. хӯроки гарми обдор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
давра — [دوره] а 1. чизи мудаввар, гирд, доирашакл: мизи давра, оинаи давра, ҳавзи давра; чароғи давра ниг. даврапилта 2. давр, гардиш, навбат 3. гурӯҳи ҳалқа зада ба як ҷо гирдомадаи одамон, маърака, ҷамъомад (мас., давраи ҷавонон) 4. вақту замони… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дастархончӣ — [دسترخوانچي] 1. он ки дар тӯю маъракаҳо мутасаддии нону ошмонӣ ба назди меҳмонон аст, ходим 2. таър. ходими дарбори амирону ҳокимон, ки ба ташкили зиёфатҳо – тарзи оро додани хон, сифати хӯрокҳо ва ғ. назорат мекард … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дастовез — [دست آويز] 1. он чи меҳмон чун тӯҳфа ба мизбон меорад, тӯҳфа, ҳадя, армуғон 2. чизе ё касе, ки ба вай истинод (такя) карда кореро буд мекунанд 3. маҷ. васила, восита; дастовез кардан а) ба сифати тӯҳфа бо худ бурдани чизе ба ҷое (хусусан ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маврид — [مورد] а 1. мавқеъ, ҷой 2. замон, ҳангом; фурсати муносиб, вақти мувофиқ ва мусоиди коре 3. гуфт. маросим, маърака (аз қабили тӯй, азо ва ғ.); дар ин маврид дар ин ҳолат, дар ин сурат; дар мавридаш дар мавқеи заруриаш; дар фурсати муносиби коре;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ